Рушди маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон

Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз мавзеъҳои баландкӯҳи Тоҷикистони офтобрӯя аст. Баъди муҳоҷирати мастчоҳиён ба Дашти Дилварзин (соли 1956) сарварони Тоҷикистони Шуравӣ Кӯҳистони Мастчоҳро ба як гӯшаи беаҳамият мубаддал сохтанд. "Навмафкурагон"-и он замон махзанҳои таърихӣ, аз қабили китобу дастнависҳои нодир, масҷиду мазорҳо ва баъдан ҳатто биноҳои мактабҳои сохти Шӯравиро дар ин макон валангор намуданд. Дар асли худ бошад, ин макон осорхонаи зиндаи таърихи тоҷикон маҳсуб меёбад ва мероси маънавию таърихии ин маҳалро чандин олимон омӯхта, соҳиби унвонҳои илмӣ гардидаанд.

Маҳз ба туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи навини Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз гардид ва 2 феврали соли 1996 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташкил карда шуд.

Дар ибтидои истиқлолияти ҷумҳурӣ ҳаёти кишварро мушкилоти зиёде фаро гирифта буданд. Ҳамаи сохторҳои давлатӣ дар давраи мутобиқгардонӣ ба ҳаёти навин қарор доштанд, соҳаҳои хоҷагии халқ, аз он ҷумла соҳаи маориф ба ҳолати вазнин гирифтор шуда буд. Ҷумҳуриро муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, пешомади зиндагии мардум муайян набуд. Барои яке шикасти идеявӣ буду дигаре ба куҷо рафтани худро намедонист. Бисёр омӯзгорони соҳибкасб бо сабаби ноҷӯрии зиндагӣ тарки касб намуда, ба корҳои дигар машғул шуданд. Сафи хонандагони тарки хониш намуда зиёд мегардид. Ин ҳама омилҳо ба равиши таълиму тарбия таъсири худро расонида буд. Дар Кӯҳистони Мастчоҳ, ки аз маркази вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ дур ҷойгир шуда буд, ин падидаи номатлуб осори худро низ гузошта буд. Омӯзгорони зиёде касби худро партофта, ба деҳқонию соҳибкорӣ машғул шуда буданд. Волидон фарзандонашонро барои корҳои хоҷагидорӣ сафарбар намуда, барои таҳсили онҳо дар мактаб монеъ мешуданд. Ҳамаи ин падидаҳо боиси ба вуҷуд омадани бесарусомониҳо дар равиши таълиму тарбия гашта буд.

Асосан таъсис ёфтани ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳаёти мардуми он саҳифаи наверо оғоз намуд. Сараввал соҳаи маорифро, ки рушди ояндаи ноҳияи навташкил ба он вобастагӣ дошт, равнақ додан зарур буд. Дар ибтидои кор норасоии кадрҳо дар ҳукумати ноҳия сабаб гардид, ки беҳтарин директорони мактабҳо ва омӯзгорони соҳибкасб, аз қабили Аҳмадов Саидумрон, Ҳошимов Баҳоваддин. Шодиев Азизхоҷа, Атоев Маҳмадсиддиқ, Мирзоҳаёти Мирзоолим, Умарова Бибизуҳро, Ҳоҷиев Абдуллохон, Шарифов Мирзошариф, Содиқов Шодибек, Охунзода Суҳроб, шодравон Шомуродов Боймурод, Воҳидов Мирзоҳасан, шодравон Раҷабов Ҷумъабой, Раҷабов Акбарҷон, Ҳамдамов Мирзоёқуб, Ҳомидов Нозим барои кор ба сохторҳои ҳукумати ноҳия гузаронида шуданд. Ин раванд вазъияти мактабҳоро хеле вазнин гардонид. Бинобар ин 1-уми июни соли 1996 Шӯъбаи маорифи ноҳия таъсис дода шуд ва Қозиев Раҳмон ба вазифаи мудири шӯъбаи маориф таъин гардид.

Ба шӯъба маорифчиёни варзида: шодравон Абдуғафур Домуллозода, Саидаҳмад Муллоҷонов, Мирзоҳасан Бобоев, Раҳматшоҳ Раҳматов, Абдулло Фозилов, Муллосами Боқиев, Маҳмадкарим Муллоев, Муҳаммадсидиқ Ҷумъаев ба кор ҷалб карда шуда, барои ҳалли проблемаҳои соҳаи маориф корҳо оғоз гардиданд. Баъдан ҳамаи онҳо барои хизматҳояшон дар инкишофи соҳаи маорифи ноҳия бо унвони ифтихории Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуғафур Домуллозода, Мулосамеъ Боқиев бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Дар давоми кор ба шӯъба Устофайзулло Холов, Мирсамеъ Самиев, шодравон Саидикром Акрамов, Азизпур Шамсуддини Алӣ, Мирзосафар Салимов, Саидмумин Амонов, Маҳмадхолиқ Содиқов, Маҳмадхолиқ Саидов, Шарифи Шарифзод, Маҳадмурод Муродов, Маҳмадхолиқ Юнусов, Ашӯрмаҳмад Ашӯров ва аз соли 2009 то имрӯз ба сифати мудири шӯъбаи маориф Муллоҷонов Муллоҳаким, Қозиев Абдуҷалил, Охунзода Суҳроб ба кор омада барои рушди соҳаи маорифи ноҳия саҳмгузорӣ намуданд.

Дар ибтидои ташкилёбии ноҳия мушкилот хеле зиёд буданд. Ҳатто кормандони ҳукумати ноҳия ҷои нишасти корӣ надоштанд, маркази ноҳия муайян набуд. Каме баъдтар Дашти Сиюдубароза, ки на об дошту на ободӣ, мавзеъ барои маркази ноҳия интихоб карда шуда буд, ки баъди оғози корҳои ободӣ бо пешниҳоди шоири ҳамдиёриамон Мирзо Боқӣ ба он шаҳраки Меҳрон ном доданд. Барои фаъолияти кормандони ташкилоту муассисаҳо дар деҳаҳои гуногун ҳуҷраҳои корӣ ҷудо карда шуда буд. Аз он ҷумла, барои кормандони шӯъбаи маориф аз бинои хоҷагии ҷамоавии ба номи И. Оқилов, воқеъ дар деҳаи Оббурдон як ҳуҷраи корӣ ҷудо карда дода шуда буд. То соли 2002 онҳо дар ҳамин шароит кор карда, баъди ба истифода дода шудани бинои Ҳукумати ноҳия, барои кормандони шӯъбаи маориф аз он бино 2 ҳуҷраи корӣ дода шуд. Ва ниҳоят, соли 2008 шӯъбаи маориф соҳиби бинои мустақили корӣ гардид. Дар ибтидои таъсисёбии ноҳия, 4 мактаби миёна ва 18 мактаби асосӣ вуҷуд дошт, ки дар 90%-и онҳо ба ғайр аз аз мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ чизи дигаре вуҷуд надошт. Дар деҳаҳои дурдаст баъзе хонандагон умуман ба мактаб намерафтанд, маоши омӯзгорон барои харидани як халта орд намерасид ва онро ҳам саривақт гирифта наметавонистанд. Норасоии омӯзгорон дар мактабҳо хеле зиёд буд. Дар ҳамин шароити мушкил шӯъбаи маорифро зарур буд, ки аҳли маорифи ноҳияро дар атрофи худ мутт-таҳид намуда, ба кори амалӣ дар шароити талаботҳои нав оғоз намояд. Бинобар он, 28 августи соли 1996 машварати якуми омӯзгорон бо иштироки васеи тамоми аҳли маърифати ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия гузаронида шуд ва мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуда, роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян карда шуданд. Барои дастгирии моддию маънавии омӯзгорон, дар ин давра қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июни соли 1996 оид ба имтиёзҳои кормандони соҳаи маориф интишор гардид, ки заминаи умумидавлатии иҷроиши он вуҷуд надошт, иҷроиши он ба ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста карда шуда буд. Валекин аз сабаби дар замони шуравӣ якхела инкишоф наёфтани шаҳру ноҳияҳо, дар ҳама ҷо якхела иҷро намудани он имконнопазир буд. Шаҳрҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда барои омӯзгорони маҳаллашон имтиёзҳои зиёде муқаррар менамуданд, вале ноҳияҳои иқтисодиёташон суст тараққикарда ба омӯзгорон чизе дода наметавонистанд. Барои ноҳияи навташкили Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар он ягон намуди саноат вуҷуд надошт ва бо маблағгузории буҷаи давлатӣ фаъолият менамуд, ба омӯзгорон додани имтиёзҳо имконнопазир буд. Аммо дар заминаи ҳамин қарор, раиси ноҳия Сироҷуддин Ҳасанов, ки худ дар оилаи омӯзгор ба дунё омада ба воя расида буд, тибқи қарори худ аз 30 ноябри соли 1997, омӯзгорони мактабҳоро бо 0,05 га замини иловагии назди ҳавлигӣ, як сар гӯсфанд, як халта орд ва 200 кг картошка бархурдор намуд, ки ин иқдом дар ҳамон давра кори саҳл набуд. Ин дастгирии Ҳукумати ноҳия боиси рӯҳбаландии аҳли маориф гардид. Омӯзгорон бо як дилгармӣ дар атрофи ҳукумати ноҳия муттаҳид гардиданд ва барои аз диди нав ҳал намудани масоили соҳаи маориф ва тараққиёти ояндаи ноҳия дар маҳалҳо кӯшиш ба харҷ медодагӣ шуданд. Ин заҳмати онҳо дар давоми 2-3 сол натиҷаҳои мусбатро ба бор оварда тавонист.

Имкониятҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии ноҳия дар ин давра хеле нокифоя буд. Дар ибтидои соли хониши 1996-1997 аз 22 мактаби амалкунанда бинои 4 мактаб мувофиқ ба нақшаҳои сохтмонӣ сохта шуда буд, биноҳои мактабҳои боқимонда ба тариқи ҳашар аз тарафи аҳолӣ бунёд ёфта буданд. Бинои мактабҳои деҳаҳои Ярм, Ғузн, Ҳадишаҳр, Резгиф, Ронҷ, Имбеф, Палдорак дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Бинобар он вазифа гузошта шуда буд, ки ҳарчи зудтар дар ин деҳаҳо синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави мактаб мувофиқ ба талаботҳои сохтмонӣ, санитарию гигиенӣ сохта шаванд. Дар давоми 20 соли баъди таъсисёбии ноҳия дар деҳаҳои Оббурдон, Ронҷ, Имбеф, Ҳадишаҳр, Ғузн, Резгиф, Ғукат, Рогиф, Худгифҳо, Лангар, Сабағ, Истошон, Деҳманора, Пакшиф, Палдорак, Ярм, Роғ, Ланглиф, Деҳисор, Арнохун, Эсизи Боло, Муҷдиф бинои нави мактабҳо сохта шуда шароити таълимии зиёда аз 4000 хонанда беҳтар карда шуд. Инчунин, дар шаҳраки Меҳрон мактабинтернат барои 320 хонанда, 4 толори варзишӣ ва 48 синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои алоҳида сохта шудааст. Дар ин давра бори аввал дар деҳаҳои Андарвашт, Туро ва Водиф синфхонаҳо кушода шуданд. Бинои шӯъбаи маориф иборат аз 5 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ сохта ва ба истифода дода шуд. Ҳамаи синфхонаҳо ва биноҳои мактабҳои сохташуда бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва таҷҳизоти дигар, аз ҷумла техникаи компютерӣ таъмин карда шуданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳия муддати 10 сол ба Барномаҳои ҳукуматӣ оид ба ислоҳоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ дохил гардида, бо маблағгузории Бонки Осиёгии Рушд шароитҳои таълимии мактабҳо беҳтар гардонида шуданд. Бо маблағгузории ин бонк 11 мактаб таъмири куллӣ карда шуда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти мактабӣ, аз қабили мизу курсӣ барои омӯзгорону талабагон, тахтаи синфӣ, ҷевони китобгирӣ, компютер, генераторҳои барқӣ таъмин карда шуданд. Бо истифодабарӣ аз маблағҳои грантии Бонки Осиёгии Рушд дар назди мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1 сехи дӯзандагӣ, ММТУ №2 дӯкони фурӯши ашёҳои мактабӣ, ММТУ №6 хоҷагии ёрирасони гӯсфандпарварӣ, ММТУ №11 хоҷагии ёрирасони қутоспарварӣ, МТА №27 китобхонаи мактабӣ бо ҳама таҷҳизоти навин ташкил карда шуд. Инчунин дар ҳамаи мактабҳо ассотсиатсияи волидону омӯзгорон ташкил гардид, ки он дар раванди идоракунии соҳаи маориф падидаи навин буд. Барои мустаҳкам намудани пояи иқтисодии мактабҳо аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба мактабҳо 5 га замин барои ташкил намудани хоҷагии ёрирасон дода шуд. Саломатии кӯдакон ва таъмини ғизоии онҳо масъалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, бинобар он аз соли 2000 сар карда, ба хонандагони синфҳои 1-4-и мактабҳо бо кӯмаки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) СММ як вақт хӯроки гарм дода мешавад. Барои хубтар амалӣ намудани ин Барнома дар назди мактабҳо 18 бинои ошхона сохта шуданд ва аз тарафи волидон ва сарпарастони мактабҳо маводи иловагии ғизоӣ ва сӯзишворӣ дода мешавад. Баъди амалӣ шудани ин Барнома иштироки 100%-аи хонандагон дар синфҳои 1-4 таъмин карда шуд. Аз якуми январи соли 2010 мактабҳои ноҳия ба маблағгузории сарикасӣ гузаштанд, ки ин раванд мустақилияти иқтисодии мактабҳоро таъмин месозад. Ҳоло дар ноҳия 17 МТМУ ва 13 МТА, 1 мактаб-парваришгоҳ, ду муассисаи томактабӣ, филиалҳои омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва касбию техникӣ, маркази таълимии калонсолон амал карда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ҳукумати омӯзгорон мегӯянд. Вақте ки ноҳия ташкил гардид, барои роҳбарӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ дар маҳал кадрҳои роҳбарикунанда намерасиданд, мутахассисони варзидаю босавод ба ғайр аз соҳаи маориф дар дигар соҳаҳо ангуштшумор буданд. Барои ҳамин ҳам барои роҳбарӣ намудан ба сохторҳои гуногун директорон ва омӯзгорони пешқадам ҷалб карда шуданд. Раисони ба ноҳия таъиншуда ҳам ҳаёташон ба кори таълиму тарбия алоқамандии зич дошт. Раисони собиқи ноҳия Ҳасанов Сироҷ дар гузашта директори ОКТ рақами 35-и ноҳияи Мастчоҳ, Оқилзода Нурулло омӯзгори забони олмонӣ, собиқ директори мактаб, сардори идораи маорифи вилояти Суғд, Охунзода Сӯҳроб омӯзгори забони англисӣ, собиқ директори мактаби деҳаи Ғузн шуда кор карда буданд. Фаъолияти кории раиси ҳозираи ноҳия М. Раҷабзода ҳам аз омӯзгории Донишкадаи ҳуқуқ ва бизнеси Тоҷикистон оғоз гардидааст. Ҳоло ҳам аксарияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо собиқ омӯзгоронанд. Аз 57 нафар хизматчиёни давлатӣ дар ноҳия ба кор машғул буда, 33 нафари онҳоро омӯзгорон ташкил медиҳанд.

Сутуни асосии нигоҳдорандаи шукӯҳу шаҳомати маориф ва ба ҳаёту зиндагӣ омода намудани наврасон ин омӯзгор мебошад. Норасоии омӯзгорон дар мактабҳо аз як тараф, ба кори ҳукуматӣ гузаштани омӯзгорону директорони пешқадами мактабҳо, ки тарбияи хуби даврони шӯравиро гирифта, то ба ин дараҷа расида буданд, аз тарафи дигар, вазъи кадрии соҳаи маорифи ноҳияро дар ибтидои ташкилиаш дар вазъияти ногувор монда буд. Кормандони Шӯъбаи маориф бо дастгирии раиси ноҳия С. Ҳасанов, вазирони маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятова М.А, марҳум Раҷабов С.Р. ва сардорони собиқи идораи маорифи вилояти Суғд Ҷалилов А.Р., Оқилзода Н.И., Темирова Х.И., Маликисломов Н.М. барои ҳалли ин проблемаи асосие, ки рушди соҳаи маорифи ноҳия ба он вобаста буд, кӯмаки амалии худро расониданд. Бо дастгирии шахсиятҳои дар боло номбаршуда ва кӯмакҳои собиқ директорони омӯзишгоҳи омӯзгории Мастчоҳ Давлатов Муллошоҳ, собиқ директори омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент марҳум Ҷанобилов Ҳакимҷон дар Кӯҳистони Мастчоҳ гурӯҳҳои ғоибонаи омӯзишгоҳҳои номбаршуда кушода шуданд. Ҳаштод нафар хатмкардагони дорои маълумоти миёна шомили ин гурӯҳҳо гардида, ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуданд. Бо гузашти вақт аз байни онҳо якчанд нафарашон дар вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ, директори мактаб, муовини директори мактаб ва омӯзгори соҳибкасб шуда, барои пешрафти ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ҳамон давра дар ду мактаб фанни забони хориҷӣ омӯзонида мешуд. Дар мактабҳои дигар аз сабаби набудани омӯзгорони касбӣ, фанҳои забони хориҷӣ ва русӣ таълим дода намешуданд. Хатмкардаҳои мактабҳои ноҳия, ки дар мактабҳояшон фанҳои забони русӣ ва хориҷӣ омӯзонида намешуд, ба факултаҳои забонҳои хориҷӣ ва русии мактабҳои олӣ дохил шуда наметавонистанд. Барои ҳал намудани ин масъала борҳо ба роҳбарони мақомотҳои гуногуни соҳа муроҷиат шуда буд, вале онҳо, ки мафкураи шахшудаи замони кӯҳнаро доштанд, даст ба ҳалли ин масъала назаданд. Ин масъала танҳо бо кӯмаки ҷавонмардонаи Ректорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Панҷакент шодравон Ҳотамов Аҳмадҷон ва Ансоров Муаззамхон ҳалли худро ёфт. Бо дастгирии онҳо хатмкардагони аълохони мактабҳои ноҳия ба шӯъбаҳои забонҳои русию англисии ин Дорулфунун дохил гардида, бо роҳи омӯзиши мукаммал барномаҳои таълимиро аз бар намуданд ва баъди хатми Донишгоҳ ба мактабҳояшон ба кор омаданд. Имрӯз дар ҳамаи мактабхо фанҳои забони русӣ ва англисӣ таълим дода мешаванд. Ин роҳи ягонаи ҳалли масъала буд, ки роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон онро чун иқдоми ватандӯстона ба дӯши худ гирифта буд. Ин боргоҳи маърифат на танҳо барои соҳаи маорифи ноҳия, балки барои соҳаҳои дигари ноҳия низ кадрҳои зарурӣ тайёр намудааст. Аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 273 нафар шаҳрвандон дар ин махзани илму маърифат сабақ гирифтаанд ва гирифта истодаанд. Дар як вақт, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ қабули ҷавонписарон ва ҷавондухтарони ноҳияҳои дурдаст тавассути квотаҳои Президентӣ ба роҳ монда шуд. Бо ин квотаҳо 382 нафар ҷавописарон ва ҷавондухтарон аз ноҳия ба мактабҳои олӣ дохил гардиданд, ки аксарияти онҳо дар шӯъбаҳои омӯзгорӣ таҳсил намудаанд. Тавассути бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар деҳоти ноҳия бо волидайну хонандагон, алоқаи зич бо вазоратҳои гуногуну макотиби олӣ дар давраи 20 соли таъсис шудани ноҳия барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кадрҳои соҳибихтисос омода карда шуданд. Имрӯз бошад, зиёда аз 400 нафар намояндагони ноҳия дар мактабҳои олию миёнаи махсус таҳсил намуда истодаанд. Ба ғайр аз ин, дар ин давра барои таълими фанни алифбои ниёгон аз шахсиятҳои саводнок ва дорои ҷаҳонбинии васеъдошта, барои таълими фанҳои биология аз кормандони тиб, ки бо маоши хеле кам ба касби худ машғул буданд, истифода бурда шуд. Аксарияти онҳо бо роҳи таҳсил дар шӯъбаҳои ғоибонаи мактабҳои олӣ соҳиби ихтисоси омӯзгорӣ гардида, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Имрӯз аз байни омӯзгорони дар ноҳия кор карда як нафар рисолаи номзади илмиро дифоъ намуда, се нафар дар аспирантура таҳсил намуда истодаанд.

Ҳамаи омӯзгорони ноҳия, ки дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, аз мушкилотҳои зиндагӣ наҳаросида, барои кушодани чашми хиради фарзандони диёри хеш ва ватани азизи худ ҷонфидоӣ намудаанд, қаҳрамонанд. Вақте ки шодравон Абдулов Муллоҳофиз бо хонандагон дарс мегуфт ва аз шиддати касалии қалб дар синфхона ба даҳон донаи ҳаб гузошта бо муҳаббат бо кӯдакон сӯҳбат менамуд, ба назари кас қаҳрамони замони навин пеши назар ҳувайдо мегашт. Имрӯз садҳо нафар омӯзгорони мактабҳои ноҳияро номбар кардан мумкин аст, ки дар пояи ормонҳои миллӣ ба фарзандони ҳамдиёрони хеш дарси муҳаббату зиндагӣ медиҳанд.

Истиқлолияти давлатии кишварамон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ меваҳои шаҳдбори худро ба бор овард. Қариб аз тамоми деҳоти ноҳия фарзандони мардум мактабҳои олию миёнаи махсусро хатм намуда соҳибкасб шуданд, ки дар гузаштаи начандон дур чунин имкониятро доро набуданд. Агар дар тамоми 70 соли мавҷудияти Ҳукумати шӯравӣ аз деҳаҳои Оббурдон ва Дашти Оббурдон дар мактабҳои олию миёнаи махсус 12 нафар духтарон хонда, соҳиби маълумоти зарурӣ шуда бошанд, пас дар давраи 20 соли таъсисёбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 16 нафар духтарон аз ин ду деҳа дар мактабҳои олию миёнаи махсус таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд ва барои ободии куҳандиёри хеш саҳми босазо мегузоранд. Аҳли маориф дар баробари ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғул будан, инчунин барои тарбияи маънавию ҳуқуқии мардум саҳми худро гузоштанд. Маҳсули эҷодии омӯзгорон ба намуди китоби алоҳида чоп гардидааст. Ҳамаи омӯзгорони мактабҳо чандин маротиба аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, савияи дониши худро сайқал доданд. Меҳнати пурмашаққати омӯзгорони соҳибкасб ҳаматарафа аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ карда шудааст. Дар ин муддат ба 26 нафар омӯзгорон унвони фахрии Аълочии маорифи Тоҷикистон дода шуд. Меҳнати софдилонаи омӯзгорони зиёд бо Ифтихорномаҳои мақомоти гуногуни соҳаи маориф ва мақомоти ҳукуматӣ сарфароз гардонида шуданд. Барои хизматҳояшон дар рушди маорифи чумҳурӣ марҳум Ғафур Домуллозода бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мулосамеъ Боқиев бо ордени Шараф дараҷаи 2, Шодиев Азизхоҷа бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз 24.04.10 гуфта буд, ки "Агар хоҳем, ки Тоҷикистонро ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону чавонони боистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем" Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шароити мусоиди таълимӣ дар мактабҳо пайдо шуданд. Аксарияти мактабҳо бо омӯзгорони соҳибкасб таъмин гардида, насли навраси кӯҳистон, ки шароити муҳит онро тобовар намудаасту ба омӯзиш тайёр сохтааст, барои таълиму тарбияи самаранок омода мебошад. Ҳайати сифатии омӯзгорони ноҳия аз ибтидои таъсисёбии ноҳия то кунун чунин аст:

 

 

Тарбия ва сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ

Тарбияи насли наврас ҳам тарбияи хислатҳои инсонӣ ва ҳам тарбияи қонунҳоро дар бар мегирад. Ин ду намуди тарбия барои инсонҳо зарур мебошад. Агар шахс бо қонунҳо тарбия ёбаду дар қолабҳои нишондоди онҳо боқӣ монад ва ӯ хислатҳои инсониро дар вуҷуди худ ҷой надиҳад, вай бисёр ҳам бемеҳр, сангдил ва бераҳм мешавад. Вазифаи тарбиятгар аз он иборат аст, ки вай дар ҳар як тарбиятгиранда хислатҳои хуби инсониро бедор карда тавонад ва пас аз он ба таълими он машғул гардад. Аз ҷониби дигар мушкилтарин пеша барои башарият ин тарбияи инсон аст, ки он ба сохти иҷтимоии ҷамъият, ҳолатҳои руҳии инсон ва баъзе дигар омилҳои объективии дигар вобастагӣ дорад. Системаи таълиму тарбия дар давраи шӯравӣ яке аз системаи беҳтарин дар ҷаҳон буд. Дар он замон таълим дар мадди аввал истода, он барои ҳалли барномаҳои таълимӣ равона карда шуда буд ва тарбия дар асоси идеалҳои коммунизм сурат мегирифт. Хатогии тарбия дар он замон аз он иборат буд, ки ба такомули ҳаётию воқеии шахсият, инкишофи хусусиятҳои миллии шаҳрвандон ва худшиносии онҳо аҳамият дода намешуд. Ҳоло бошад, ба туфайли истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо намудаем, ки тарбияро дар асоси худшиносии миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба роҳ монем. Аз ҳамин нуқтаи назар, корҳои тарбиявӣ дар ҳама деҳоти ноҳия бо волидон, дар мактабҳо бо хонандагон дар асоси руҳияи хештаншиносӣ ва ормонҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст. Бе тарбияи ахлоқӣ таълим мукаммал шуда наметавонад. Бинобар ин дар муассисаҳои таълимӣ бо беҳтар шудани шароити таълимӣ тарбия ва таълим дар пайвастагӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши ҳамаи фанҳо дар асоси барномаҳои навин, ки бо ҳуввияти миллӣ алоқаманд карда шудаанд, ба роҳ монда мешавад. Фанҳои забонҳои хориҷию русӣ, асосҳои техникаи компютерӣ, омодагии дифоӣ, ки пештар дар баъзе мактабҳо таълимашон ба роҳ монда нашуда буд, дар ҳамаи мактабҳо омӯзонида мешаванд. Дар назди шӯъбаи маориф маркази технологияи информатсионӣ, маркази рушди истеъдодҳо, маркази корҳои тарбиявӣ ташкил карда шудааст, ки барои ташкилу омӯзиши фанни асосҳои техникаи компютерӣ ба омӯзгорони мактабҳо ва рушди соҳибистеъдодҳо кӯмак мерасонанд. Шӯъбаи маориф ва мактабҳо бо 174 адад компютери замонавӣ таъмин карда шудаанд. Ба ҳар 12 нафар хонандагоне, ки ба омӯзиши асосҳои техникаи компютерӣ дар мактабхо машғуланд, як адад компютер рост меояд.

Солҳои 2005-2010 дар доираи ислоҳоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоиши китобҳои дарсии физикаи синфҳои 7-11 ва забони модарии синфҳои 5-11 аз тарафи омӯзгорони эҷодкор, дар 12 мактаби ноҳия гузаронида шудааст. Китобҳои номбаршуда дар асоси таҷрибаи амалии омӯзгорони соҳибкасб аз озмоиш гузаронида шуданд ва пас аз он ба тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ барои истифода пешниҳод гардиданд. Дар баробари ин барномаҳои таълимии ин фанҳо ва якчанд намуди воситахои аёнию дастурҳои методии фанҳои номбаршуда аз озмоиш гузашта, мавриди истифодаи тамоми омӯзгорони ҷумҳурӣ гардонида шудаанд.

Иштироки муваффақонаи шогирдони мактабҳо дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нишон дод, ки сифати дониши хонандагон дар мактабҳо беҳтар шудааст ва сол аз сол ғанӣ гардидани таҷрибаи омӯзгорон, ки аксарияти онҳо навкор мебошанд, ба ин мусоидат намудааст. Дар раванди таълиму тарбия шахсияти кӯдак ва саломатии он дар мадди аввал меистад. Дар деҳаҳо барои ба варзиш машғул шудани наврасону ҷавонон майдончаҳои варзишӣ бунёд карда шудаанд. Гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ноҳия ба ҳукми анъана даромада, дастпарварони мактабҳои ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Дастпарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8, Содиқов Шарифбек дар мусобиқаи байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар намуди варзиши сабук бомуваффақият ширкат варзида, соҳиби 2 медали тилло ва чемпиони Қораи Осиё гардид. Хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 Ҳабибуллои Қосимхӯҷа дар намуди гуштингирӣ дар байни наврасони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба гирифтани ҷои сеюм ва медали биринҷӣ сазовор гардид. Даҳҳо нафар хонандагони мактабҳои ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ бомувафаққият ширкат меварзанд ва дастовардҳои варзишии онҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст. Теъдоди муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони онҳо дар солҳои 1996-2015 чунин мебошад:

Дурнамои рушди соҳаи маорифи ноҳия

Муассисаҳои томактабӣ барои омода намудани кӯдакон ба мактаб аҳамияти бузургеро доро мебошанд. Ин муассисаҳо аз муҳити оила кӯдаконро қабул намуда, онҳоро барои ба мактаб рафтан омода месозад. Кӯдаконро, ки дар муҳитҳои ҷудогона тарбия меёфтанд, муассисаҳои томактабӣ барои тарбияи якҷоя ба оғӯш мегиранд ва барои ба мактаб рафтан омода месозанд. Ҳоло дар ноҳия 2 муассисаи томактабӣ амал намуда истодааст. Ҳаёт талаб менамояд, ки дар деҳаҳои калонтарин чунин муассисаҳо ташкил карда шаванд. Солҳои наздик бо пайдо намудани шароити мусоид дар деҳаҳои Мадрушкат, Роғ, Ревомутк муассисаҳои томактабиро ташкил намудан зарур мебошад.

 

Барои хубтар ба ҳаёт омода намудани толибилмон дар маҳали зисти хонандагон шароити заруриро фароҳам овардан беҳтар аст. Инчунин, бо назардошти гуногун будани шароити иқтисодии шаҳрвандон, мактабҳои намудҳои нав: гимназия ва литсейҳоро таъсис бояд дод. Барои иҷрои ин кор омодагии ҳаматарафаи кадрӣ ва моддӣ зарур аст.

Ин хабар 1760 -бор хонда шуд.