Саҳифаи аслӣ - Хабарҳои охирон

Июл 16 2019 0

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ диқаати махсус дода мешавад. Азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳое, ки пас аз муҳоҷират солҳои сол аз набудани об бекор хобида буданд, яке аз тадбирҳои муҳимест, ки ин шабу рӯзҳо баҳри амалишавии он иқдомҳои шоиста гирифта шудааст.

Июл 13 2019 0

 Субҳи мирӯз (13.07.2019) раиси Кумиати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ташриф оварда, бо ҷавонони ноҳия мулоқот анҷом дод.

Июл 12 2019 0

Санаи 12 июли соли равон дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо роҳбарии раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода маҷлиси ҷамъбасти 6 моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Июл 11 2019 0

Ҳафриёти бостонӣ дар “Қалъаи Ҳисорак” ва бозёфти “Асноди Кӯҳи Муғ” имконият фароҳам овардааст, то чигилҳои таърихи як гӯшаи диёр, минҷумла маркази маъмурии қаламрави Масчо-Мадрушкатро боз намоем. Ҳарчанд Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” аз Мадрушкати қадим ёд кардааст, аммо дақиқан ба ин ном маҳз аз бозёфтҳои мазбур бархӯрд шудааст, ки ба қарни 8, яъне замони истилои араб рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки қаламрави Масчо дар он замон ба суғдӣ “Pittman”-(Диёри рушноӣ ва хуррамӣ), яъне “Буттамон” ном бурда мешуд. (“Rtysy cnn Phyttm”n p”rw”cw – “Ва ман ӯро тариқи Буттамон фиристодам”. “Асноди Кӯҳи Муғ”). Арабҳо бошад ин мавзеъро “Ал-Буттам” мегуфтанд. Муаррихони атиқии Юнон ва Араб-Страбон, Арриан, Квинт Куртсий, Ал-Муқаддасӣ, Ибни Ҳавқал, Ал-Истахрӣ ва дигарон ин минтақаро ба ҳамин ном шинохтаанд. Номи қаторкӯҳe чун “Туркистон” то оғози замони Шӯравӣ дар ҳеҷ ҷой нест. Мувофиқи фармудаи Истахрӣ ин сулсилакӯҳ “Буттамони нахустин” унвонгузорӣ мешуд.

Июл 08 2019 0

Рӯзи ҷумъаи 5 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва рафти корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Июл 08 2019 0

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Саҳифаи 4 аз 93

Раиси нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj