Саҳифаи аслӣ - Хабарҳои охирон

Июл 05 2018 0

Мо, кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳама гуна фаъолиятҳои ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки боиси норомии ҷомеа мегарданд ва фаъолияти гуруҳҳои тундраву ифротгароро, ки хунбаҳои ҳазорон кӯдакон, ҷавонон, пирони шаҳидгашта ба дӯши онҳо бор аст, маҳкум намуда, ба тамоми кишрҳои ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорони кишвари азизамон - Тоҷикистон муроҷиат менамоем.

Июл 03 2018 0

Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шуд. Соли ҷавонон ҳамчун саҳифаи рангини таърихи навини истиқлолият соли 2017 ба таҷлили 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мамлакат рост омад, ки ҷавонони сарбаландӣ кишвар барои таҳкими ваҳдату иттиҳод ва субботи сиёсӣ дучанд талошу заҳмат кашида омадаанд ва чунин иқдом минбаъд низ идома меёбад.   

Июл 03 2018 0

Имрӯзҳо дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ ташкилот ва гуруҳҳои ифротӣ бо ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷикро бадном карда истодаанд. Ин гуруҳҳои ифротӣ, ки бо иғвоангезиҳову дуруғпароканиҳояшон мехоҳанд  имиҷи давлати соҳибистиқлоли моро дар назди ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ паст зананд, ошкорову пинҳонӣ ҷавононро ба вайрон кардани сохти конститутсионии давлат даъват карда истодаанд.

Июн 29 2018 0

Бо дарки аҳамияти таърихии давлату миллат ва ваҳдати миллӣ ҷавонони саодатмандӣ ин сарзамини бостонӣ фаъолияти ҳаррӯзаи худро дар роҳи иттиҳоду ягонагӣ ва пешрафти бомароми тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба роҳ монда истоданд.

Июн 29 2018 0

    Дар ҳамаи давру замон ва вақту макон саҳми ҷавонон дар таҳким ва рушди босуботи ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа назаррас буда, пешрафти ҷамъият бидуни фаъолияти ин субъекти фаъоли ҷомеа ғайриимкон мебошад. Зеро ҷавонон аз лиҳози ҷисмонӣ ва фикри дорои нерӯи бузурги созандаву бунёдкор, ваҳдатофар, эҳёгари арзишҳои миллӣ, ҳифзкунандаи истиқлолияти давлатӣ ва идомабахшӣ суннатҳои неки аҷдодони миллат ҳастанд.

Июн 23 2018 0

 

               Субҳи 23 июни соли 2018 хурсандиву шодии мардуми деҳаҳои Мадрушкату Вардотичро ҳадду канор набуд. Пиру барно аз субҳи содиқ сари пули Ғазак ҷамъ омада, интизори бозкушоии он буданд.  Пирони рӯзгордида ба онҳое, ки барои азнавсозии ин пул дасти саховат дароз намудаанд, дар ҳаққашон дуои хайр мекарданду суханҳои нек мегуфтанд.

Саҳифаи 95 аз 128

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj