Саҳифаи аслӣ - Хабарҳои охирон

Январ 18 2018 0

Имрӯз дар иҷлосияи вакилони халќи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳия Кӯҳистони Масчоҳ дар баробари натиҷагирӣ аз фаъолияти як солаи ҷамоат инчунин масъалаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Январ 16 2018 0

Бо мақсади рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корбарӣ ҷиҳати пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия  бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳолии ноҳия дар соли 2017 ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 аз 171 лоиҳа иборат буда, маблағи он 173664,3 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағҳои лоиҳаҳои амалигардида дар ду соли охир тибқи Барнома 38501,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки амалишавии он аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24419,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз он 5898,4 ё 24,1% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 15618,4 ҳазор сомонӣ ё 64% аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд, 181,8 ҳазор сомонӣ ё 0,74% аз ҳисоби буҷети ноҳия, 1233 ҳазор сомонӣ ё 5,04% аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ, 1489 ҳазор сомонӣ ё 6,09% бо дастгирии шарикони рушд амалӣ гардидаанд. Дар ин давра бо дастгирии сарчашмаҳои маблағгузорӣ 21 лоиҳа тибқи Барнома амалӣ гардида, 9 лоиҳаи дигар берун аз Барнома иҷро гардидааст, ки дар пешравии рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми назаррас доранд. Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои давраи солҳои 2016-2020 пурра ва сифатан таъмин гардида, беҳбуди шароити зиндагии аҳолии ноҳия куллан пеш меравад.

Январ 16 2018 0

Дирӯз дар љаласаи назди раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ситоди ноҳиявӣ оид ба яхобмонӣ ва шӯршӯӣ  бо мақсади иљроиши дастуру супоришҳои иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раљаббой Аҳмадзода таъсис дода шуд. 

Январ 12 2018 0

Гуруҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшуда бо афсарону сарбозони қисми низомии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат вохӯрӣ доир намуданд.

Январ 12 2018 0

Имрӯз (11.01.2018) дар ҳудуи ҷамоати деҳоти Лангар бо иштироки гуруҳи корӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаҳои ҷамоати мазкур доир ба шарҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат мулоқоти судманд доир карда шуд.

Январ 11 2018 0

Санаи 10.01.2018 дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқнамудаи  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори Қасри фарҳанги ноҳия доир ба шарҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат бо иштироки  васеи гуруҳи корӣ аз дастгоҳи иҷроияи Президент ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Саҳифаи 122 аз 128

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

Алока бо мо


Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон бинои МИҲД-и ноҳия

e-mail: noma@kuhistoni-maschoh.tj